гуфтугӯй — [گفت وگوي] 1. гуфтугузор, гуфтушунид, муколама, мусоҳиба, сӯҳбат 2. гап гап, овоза, гапҳои росту дурӯғ: боз ҳар гуна гуфтугӯҳо нашавад…; забони гуфтугӯ забоне, ки ба воситаи он мубодилаи афкори халқе сурат мегирад, забони муошират, забони… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуфтушунид — [گفت وشنيد] ба ҳам гап задани чанд кас, гуфтугӯ, гуфтугузор; сӯҳбат, мусоҳиба; гуфтушунид кардан сӯҳбат кардан, гуфтугӯ намудан, музокира кардан дар бораи чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
масъала — [مسئله] а 1. қазийя ва матлабе, ки омӯхтан ва ҳал карданро талаб мекунад, мавзӯи ҳалталаб, мушкила 2. мавзӯе, ки мавриди баҳсу музокира аст, мабҳас; матлаб; гап: масъалаи муҳим, масъалаи мушкил; масъаларо муҳокима кардан, ба умқи масъала расидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маҷлис — [مجلس] а 1. кит. маҳалли ҷаласа, ҷои ҷамъомад, ҷамъомадгоҳи одамон барои машварат, маслиҳат ё сӯҳбат дар бораи коре 2. ҷамъ шуда нишастани чанд кас барои баррасию муҳокимаи чизе ё ҳалли масъалае; ҷамъомади расмии аъзои ягон созмон, ҷаласа:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
музокирачӣ — [مزاکره چي] он ки ба музокира мебарояд, иштироккунандаи музокираи масъалае … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муколама — (муколима) [مکالمه] а 1. гуфтугӯ, мусоҳиба; муколима кардан гуфтугӯ кардан, музокира ва мунозира намудан 2. дар адабиёт ва театр як навъи махсуси нутқи иштироккунандагони асарҳои адабӣ ва намоишномаҳост, ки ғояҳои асосии асарҳо дар гуфтугӯву… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муҳокимашуда — [محاکمه شده] сифати феълии замони гузашта аз муҳокима шудан; мавриди муҳокима ва баҳсу музокира қароргирифта: масъалаи муҳокимашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сухан — [سخن] гап, калом, гуфтор; сухани бемаънӣ сухани бемағз; сухани обдор гапи таъсирбахш, гапи фасеҳу балеғ; сухани охирин а) сухани баъди ҳамаи гапҳо гуфтаи касе; б) сухани баъди музокира ва фикррониҳо эродкардаи соҳиби маърӯза; сухани подарҳаво… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ